МУШАКПАРРОНӢ БА СӮИ КОНСУЛХОНАИ ИМА
Кобул, 11 январ. (АМИТ «Ховар» — рбк.ру). — Рӯзи шанбе дар Афғонистон як хизматчии ҳарбии амрикоӣ бар асари таркиши минаи аз масофаи дур идорашаванда ҳалок гардид. Ғайр аз ин силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» дар вилояти Урузгон бо кӯмаки минаҳои аз масофаи дур идорашаванда як мошини зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи ҳукуматиро тарконданд. Дар натиҷа 8 нафар низомии маҳаллӣ ба ҳалокат расид. Ҳамон рӯз дар шаҳри Ҳирот ба сӯи консулхонаи ИМА чанд мушак парронда шуд. Яке аз онҳо дар ҳавлии бино афтода таркид. Бар асари ин амалиёт касе осеб надидааст. Қайд карда мешавад, ки ҳукумати ИМА бинои мазкурро соли 2009 харида, онро ба консулхона табдил дода буд. Баъди як рӯи ин воқеа яке аз мошинҳои зиреҳпӯши қисмҳои ҳарбии Дания дар натиҷаи таркиши мина хароб гардид. Як аскари даниягӣ ҳалок ва панҷ нафари дигар сахт маҷрӯҳ шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






