НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАДОР

Январь 28, 2010 15:41

                 Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — 27 январ дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ба саволҳои мухбирон директори агентӣ Рустам Назаров ҷавоб дод.                   Вай зикр намуд, ки соли 2009 дар Афғонистон 6 ҳазору 900 тонна афюн истеҳсол карда шуд. Сабаби фаровонҳосилии зироатҳои нашъадор шароити мусоиди ҳаво ва обёрии мӯътадили чунин зироатҳо мебошад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда аз ин миқдор 2800 тонна ба мамлакатҳои дигар фиристода, 3800 тонна барои истеҳсоли героин истифода бурда мешавад.                    Ба қавли Рустам Назаров, роҳҳои асосии паҳн намудани маводи нашъадор аз Афғонистон ба воситаи Эрон ва ҷумҳуриҳои Қафқоз ба Федератсияи Русия, аз Афғонистон ба Эрону Туркия ва аз он ҷо ба Украина ва Русия, аз Афғонистон ба Эрону Озарбойҷон ба Русия мебошанд. Соли гузашта 83 фоизи маводи нашъадори Афғонистон ба воситаи қаламрави Эрон ба мамлакатҳои дигар интиқол дода шуд.                     Р.Назаров зикр намуд, ки солҳои охир миқдори нашъамандон дар Тоҷикистон торафт кам мешавад. Вай изҳор намуд, ки соли 2000 дар мамлакатҳои дигари ИДМ 1792 сокини Тоҷикистон барои хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуда буд, шумораи онҳо соли 2009 ҳамагӣ 335 нафарро ташкил дод.                     Кормандони Агентӣ соли гузашта 152 кӯшиши хариду фурӯши маводи нашъадлорро барбод дода, 996 килограмму 497 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 315 килограмму 253 грамм героинро мусодира карданд. Соли 2009 вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор 21 ҷиноят фош карда шуд. Дар робита 65 нафар ба ҳабс гирифта, 5 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор барҳам дода шуд.                     Агентии маводи нашъадори Тоҷикистон бо хадамоти махсуси мамлакатҳои ИДМ ва Афғонистон самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Ба туфайли ҳамин ҳамкорӣ соли гузашта дар натиҷаи амалиёти «Канал — 2009» 35 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши маводи нашъадорр фош карда, миқдори зиёди он мусодира карда шуд. Умуман дар давоми 10 соли фаъолияти агентӣ зиёда аз 12 тонна маводи нашъадор несту нобуд карда шуд.                       Вазифаҳои асосии агентӣ дар соли 2010 ташкили шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим, сохтмони маркази таълимии сагҳои бӯйгир, маркази таълимии такмили маҳорати кормандони мақомоти зидди маводи нашъадори мамлакат мебошад, гуфт дар хотима Рустам Назаров.

Январь 28, 2010 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад