НИШАСТИ МАТБУОТИИ Э.РАҲМОН ВА М.АҲМАДИНАЖОД

Январь 4, 2010 16:07

                Душанбе, 4 января. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод имрӯз баъди мулоқоташон ва гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавии маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуданд.                Мо зимни мулоқотамон ба ҷараёни иҷрои паймонҳои бадастовардаамон диққати махсус дода, самтҳои асосии ҳамкории доманадору стратегии мамлакатҳоямонро муайян намудем, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки дар натиҷа дар бораи боз ҳам бештар ривоҷ додани муносибатҳои ҳар ду кишвар ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, соҳаҳои ёриррасон, алоқа, кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак паймон карда шуд.                  Ҳар ду давлат барои ривоҷ додани муносибатҳояшон ва ҳамкории судбахш дар соҳаҳои гуногун имкониятҳои фаровон доранд. Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон бояд фаъолияти худро густариш дода, нақшаҳои ояндаро дар амал татбиқ намояд.                 Э.Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистону Эрон шарикони стратегӣ мебошанд. Масъалаи муҳимтарини ҳамкории стратегии онҳо бунёди заминаи устувори иқтисодии ҳамкории дуҷониба ба шумор меравад. Мо барномаи мусолиматомези ядроии Эронро дастгирӣ мекунем, ки ҳадафи он истифодаи қувваи атом барои пешрафти иқтисодиёт ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум мебошад. Мо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал кардани ин масъаларо ҷонибдорӣ хоҳем кард, гуфт Президенти Тоҷикистон.                 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод таъкид кард, ки Эрон ва Тоҷикистон дорои фарҳангу дин, таърих, забон, анъана ва манфиатҳои умумӣ мебошанд. Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон борҳо аз имтиҳони таърих гузаштааст. Солҳои охир ин ҳақиқатро бори дигар тасдиқ намудаанд. Дар шароити имрӯза ягон омили манфӣ ба рушди муносибатҳои мо халал расонда наметавонад. Зимни мулоқот ва муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ мавқеъҳои мо пурра ва комилан мувофиқат намуданд.                   Президенти Эрон изҳор намуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон маҳз ба равнақу ривоҷи муносибатҳои ҳар ду мамлакати ба ҳам дӯст диққати махсус додан зарур аст. Ба қавли ӯ, ҳамкории Тоҷикистону Эрон намунаи амалӣ ва самарабахши муносибатҳои давлатҳои минтақа мебошад.                    Мо мехоҳем, ки дар мамлакатҳои минтақа, аз ҷумла, Афғонистон ва Покистон сулҳу субот пойдор гарданд, гуфт дар хотима Президенти Эрон.

Январь 4, 2010 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад