ПАРЛУМОНИ АФҒОНИСТОН НОМЗАДҲОИ НАВИ АЪЗОИ ҲУКУМАТРО МУҲОКИМА МЕКУНАД

Январь 11, 2010 11:44

                  Кобул, 11 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Ноиби президенти Афғонистон Карим Халилӣ бо супориши Ҳамид Карзай номзади 16 аъзои нави Ҳукумати мамлакатро барои тасдиқ ба муҳокимаи парлумони Афғонистон пешниҳод намуд. Тавре хабар дода шуда буд, парлумони Афғонистон чанде пеш аз ҷумлаи аъзои нави ҳукумати Афғонистон танҳо 7 вазирро тасдиқ карда буду халос.                    Ноиби президент таъкид намуд, ки Сарвари давлат қарори вакилони мардумиро эҳтиром менамояд. Вай ёдовар шуд, ки ҳар чӣ зудтар тасдиқ намудани ҳайати нави ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои ҷиддии дар назди маъмурияти мамлакат гузошташуда кӯмаки калон мерасонад.                    Хабар дода мешавад, ки мушовири президент дар масъалаҳои амнияти миллӣ Залмай Расул ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ пешбарӣ карда шуд. Парлумон қабл аз ин номзади Рангин Додфар Спантаро ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ тасдиқ накард.                     Бояд гуфт, ки дар байни номзадҳои нав 3 нафар зан мебошад. Ин дафъа Залмай Расул ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ, Муҳаммадҳошим Исматулхай ба вазифаи вазири таҳсилоти олӣ, Ҳабибулло Ғолиб ба вазифаи вазири адлия, Юсуф Ниёзӣ ба вазифаи вазири масъалаҳои дин, Муҳаммад Башир Лоолӣ ба вазифаи вазири фавоиди омма, Сурайё Ҷалил ба вазифаи вазири тандурустиӣ, Ҷорулло Мансурӣ ба вазифаи вазири кишоварзӣ, Абдулҳодӣ Аргандавол ба вазифаи вазири иқтисод, Муҳаммад Ҳодӣ Ҳакимӣ ба вазифаи вазири тиҷорату саноат, Амина Фазлӣ ба вазифаи вазири таъминоти иҷтимоӣ, маъюбон ва собиқадорон, Абдулраҳим Авроз ба вазифаи вазири нақлиёт ва ҳавопаймоии мулкӣ, Палвоша Ҳасан ба вазифаи вазири масъалаҳои занон, Абдул Раҳим ба вазифаи вазири масъалаҳои фирориён, Арсалло Ҷамол ба вазифаи вазири сарҳадот ва қабилаҳо, Зурор Аҳмади Муқбил ба вазифаи вазири мубориза ба муқобили маводи нашъадор ва Султон Ҳусейн Ҳисорӣ ба вазифаи вазири рушди хоҷагии шаҳр номзад пешбарӣ карда шуданд.

Январь 11, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид