ТАДҚИҚОТИ АСОСӢ ДАР СОҲАИ МУСИҚИИ КАСБӢ ВУҶУД НАДОРАД

Январь 20, 2010 15:26

                  Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Дирӯз оид ба фаъолияти Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар соли 2009 ва самтҳои минбаъдаи инкишофи он дар соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ барои хабарнигорони ватаниву хориҷӣ баргузор карда шуд.                   Тавре ректори Консерваторияи миллӣ, профессор Раҷабмад Амиров қайд кард, соли 2009 Консерватория аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, барои фаъолият намудан то соли 2014 иҷозатнома гирифт.                    Дар соли гузашта устодони Консерватория А.Абдурашидов, С.Ҷӯраев, К.Ҳамдамов ва донишҷӯи КМТ Ҷ.Эргашев дар озмуни байналмиллалии «Олами мақом» ва симпозиуми байналмиллалии Боку (Озарбойҷон) иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф шуданд. Бо даъвати ҷониби Норвегия устодони кафедраҳои сарояндагон ва мутрибони анъанавии Консерваторияи миллӣ дар фестивали байналмиллалии «Румӣ» ширкат варзида, бо ҳамроҳии намояндагони кишварҳои Туркия, Эрон, Норвегия ва дигар давлатҳои пешрафта хунарнамоӣ карданд.                     Ҳамчунин, соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе бори нахуст Фестивали мусиқии ҷазӣ баргузор карда шуд, ки дар он ҳунармандон аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон иштирок карданд. Дар доираи Фестивали байналмиллалии мусиқии фортепиано беҳтарин пианинанавозон устодон Дэвид Кореваар, Валерия Шкарупа, Вазген Вартанян, Сергей Ким, Гулшан Узанбаева, Зайтуна Наринбаева, Гулшан Конушева аз ИМА, Русия, Қазоқистон, Қиргизистон ба Душанбе ташриф оаврда барои мухлисон ва ҳаводорони мусиқии классикӣ барномаҳои ҷолиб пешниҳод карданд.                      Дар нишасти матбуотӣ оид ба камбудиҳои ҷойдошта гуфта шуд, ки китобҳои дарсӣ, барнома ва маводҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ қариб ки нест, ҳамчунин, нарасидани асбобҳои мусиқии сифатнок, набудани синфхонаҳои созҳои оркестрӣ ва хорӣ, студияи операвӣ, китобхонаи электронӣ, набудани тадқиқоти асосӣ дар соҳаи мусиқии касбӣ ва базаҳои баргузории таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва иҷрокунандагӣ аз ҷумлаи мушкилиҳои Консерваторияи миллӣ ба шумор рафта, роҳбарияти Консерваторияи миллӣ дар соли 2010 барои бартараф кардани ин мушкилиҳо фаъолият мебарад. 

Январь 20, 2010 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар