ТАШРИФИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод субҳи имрӯз барои боздиди расмии дурӯза ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Имрӯз дар Қасри миллат аввал мулоқоти якка ба яккаи президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод ва баъдан гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор мегардад. Дар фарҷоми гуфтушунид сисилаи созишномаҳо ба имзо мерасанд. Мавзӯи асосии гуфтушуниди роҳбарони Тоҷикистону Эрон густариши хамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии коммуналӣ мебошад. Президенти Эрон зимни сафар ба маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» рафта, бо ҷараёни сохтмони он шинос мегардад. Тавре ки маълум аст, нерӯгоҳи мазкурро яке аз ширкатҳои энергетикии Эрон месозад. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар байни мамлакатҳои ҷаҳон аввалин шуда, мустақилият ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф карда буд. Сафоратхонаи ин мамлакат дар Тоҷикистон соли 1992 кушода шуда буд. Муносибатҳо ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон тӯли солҳои мустақилияти Тоҷикистон сол то сол бештар густариш меёбад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






