ҲАҚҚИ МАЪЮБОНРО МЕХӮРАНД?

Февраль 18, 2010 16:26

Курғонтеппа, 18 феврал (АМИТ«Ховар», Беков Юсуфбек )-  Ягона коргоҳи симтӯрбофие, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъ асту ба ҷамъияти нобиноён тааллуқ дорад, бинобар корношоямии таҷҳизотҳо, онро хатари басташавӣ таҳдид мекунад. Дар ин бора ба хабарнигори минтакавии  АМИТ«Ховар»  Холмат Давлатов, мудири коргоҳи симтӯрбофии ҷамъияти мазкур  хабар дод. Ба қавли мавсуф, таҷҳизоти коргоҳ қариб, ки тамоман аз кор монда, танҳо ду дастгоҳ нисбатан коршоям аст. «Ба иллати камбуди молӣ, мо маҳсулотро аз худи фармоишгар гирифта, симтӯр мебофем ва ба фармоишгар бармегардонем, ки да ин сурат ба мо танҳо ҳаққи коркардро пардохт менамоянд», — гуфт ӯ. — Ҳоло мавсими фармоиши симтӯр аст, ҳама ҷо боғу ҳавлиҳоро симтӯр мекашанд, фармоишгар бисёр, аммо азбаски дастгоҳҳо фарсуда шудаанд, мо талаботи фармоишгаронро қонеъ карда наметавонем». Бино ба гуфти номбурда, айни замон дар сехи мазкур ҳамагӣ 24 нафар маъюбони нобино кор мекунанд, ки ин то андозае ба рӯзгори онҳо кӯмак мерасонад. Мудири сехи симтӯрбофии нобиноёни Қӯрғонтеппа ҳамчунин афзуд, ки ба сабаби набуди дастгоҳҳо ва зиёдии дасти корӣ, кормандони ин муассиса дар се баст кор мекунанд, яъне ҳар корманд як рӯз сари кор асту ду рӯзи дигар таътил дорад. Нобиноёни коргоҳи симтӯрбофӣ барои ҳар рӯзи корӣ аз 21 то 35 сомонӣ ва моҳона беш аз 200 сомонӣ ҳақмузд доштаанд. Бобишо Мирзоев, сармуҳандиси маркази иҷтимоӣ- эҳёкунии нобиноёни Қӯрғонтеппа, бошад, бо таассуф мегӯяд, ки имрӯзҳо соҳибкорони алоҳида даромади хуб доштани симтӯрбофиро фаҳмида, коргоҳҳои худро таъсис додаанд ва аз қолаби кории коргоҳ истифода мебаранд, ки ин раванд шумораи харидорони моро кам мекунад. Чуноне, ки худи ӯ иброз намуд: «Соҳибкорони сиҳатманде, ки ҳастанд, бо ҳар баҳона аз ин коргоҳ намунаҳои кории моро омӯхта, дар коргоҳҳои худ, ки аксаран ғайриқонунӣ сохтаанду аз даромадашон андозу молиёт намесупоранд, онро истеҳсол мекунанд. Кори мо агар ба 8 сомонӣ баробар бошад, онҳо бо истифода аз сими бесифат ва борик симтӯрҳои арзонтар: ба арзиши 7 ё 6 сомонӣ тавлид мекунанд. Ҳамин хел бозори моро ҳам «танг» мекунанд.»                                

Февраль 18, 2010 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид