ҲАЙАТИ БУНЁДИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ ГУМАНИТАРИИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Гурӯҳи намояндагони Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ, ки таҳти роҳбарии муовини мудири иҷроияи он Татяна Бубнова ба Душанбе ташриф оварда буд, 17 феврал бо вазири маорифи мамлакат Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии таҳсилашон ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ, андешидани тадбирҳои муштараки илмию маърифатӣ бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ муҳокима шуданд. Меҳмонон баъди мулоқот бо вазири маориф ба Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ рафта, ба ректори он Анвар Абдурасулов дар бораи обуна кардани донишгоҳи мазкур ба китобхонаи электронии бунёд сертификат супориданд. Акнун донишҷӯён, аспирантҳо ва омӯзгорони донишгоҳ дар давоми як сол аз китобҳои китобхонаи электронии ИДМ бепул истифода мебаранд. Т.Бубнова ба вазири маорифи Тоҷикистон ду қартаи компютериро тӯҳфа кард, ки дар он нусхаи электронии 30 филми бадеӣ сабт карда шудааст. Аз ин ҷумла, ду филм дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Намояндагони бунёд баъдан дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ бо хонандагони он мулоқот карданд. Дар фарҷоми мулоқот ба китобхона 14 номгӯй адабиёти бадеӣ тӯҳфа карда шуд. Меҳмонон дар мактаб – интернати ҷумҳуриявии бачагони нобинои ноҳияи Ҳисор ба тарбиягирандагони он телевизор, бозичаҳои гуногун ва асбобу анҷоми аёнии таълим тақдим намуданд. Онҳо бегоҳии дирӯз бо муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва мушовири давлатии Президент Саймурод Фаттоев мулоқот анҷом доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






