БАРРАСИИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМРИКО

Февраль 10, 2010 14:51

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмадова). — 9 феврали соли ҷорӣ дар Вашингтон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сенатор Бенҷамин Кардин, аъзои Кумитаи корҳои хориҷии Сенати ИМА, Раиси Комиссияи Ҳелсинкии Сенат мулоқот кард. Дар Вазорати корхои хоричии кишвар ба АМИТ «Ховар» иитилоъ доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ва нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамкориҳои минтақавӣ ва авзоъи кунинии Афғонистон баррасӣ гардиданд. Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот таъкид гардид, ки густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстона ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба манфиати ҳар ду кишвару миллат буда, ба таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт дар минтақаву ҷаҳон мусоидат менамояд. Ҳамрохон Зарифӣ иттилоъ дод, ки 28 феврали соли ҷорӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳангоми баррасӣ намудани вазъият дар Афғонистон ҷонибҳо таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар эътилофи зиддитеррористӣ паҳлӯи ҳам истода, барои барқарорсозӣ ва таҳким бахшидани сулҳу субот ва эҳёи иқтисодиёт дар ин кишвар, саҳми арзанда мегузоранд.             Мавриди ёдоварист, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар машваратҳои дуҷонибаи сиёсии миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вашингтон қарор дорад.      

Февраль 10, 2010 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад