ФАЪОЛИЯТИ СИТОДИ НОЗИРОНИ ИДМ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Тавре хабар дода шуда буд, ситоди кории нозирони давлатҳои аъзои ИДМ дар Тоҷикистон 4 феврал ба кор шурӯъ намуд. Сардори шӯъбаи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар масъалаи таъминоти ташкилию техникии ҳайати нозирони давлатҳои ИДМ Евгений Слобода зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки гурӯҳи нозирони мамлакатҳои Иттиҳод бо даъвати Тоҷикистон бо мақсади назорати ҷараёни тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба Душанбе омада буд. Ба ҳайати мазкур 158 нафар шомиланд. Онҳо намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, Маҷлиси парлумонии Иттифоқи Белорусия ва Русия, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ мебошанд. Аъзои ҳайат тӯли рӯзҳои гузашта бо фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавии интихобот шинос гардида, бо кормандони ситодҳои пешазинтихоботии ҳамаи 8 ҳизби сиёсии мамлакат мулоқот карданд. Инчунин бо намояндагони САҲА роҷеъ ба ҷараёни тайёрӣ ба интихобот табодули назар карда шуд. Дар арафаи интихобот гурӯҳи калони нозирон ба Тоҷикистон меоянд. Мо 1 март дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои интихобот нишасти матбуотӣ ташкил хоҳем кард, гуфт Е.Слобода.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






