КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ТЕРМИНАЛИ НАВИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТ ШУД
Душанбе, 10 феврали. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Аз 6 апрели соли 2009 миёни КВД «Фурудгоҳ байналмилалии Душанбе» ва Ширкати «Софема –Алпа Аэропорт»-и Фаронса қарордоди сохтмони терминал барои 500 мусофир/соат дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Маблағи умумии сохтмон қариб 27 млн евро аст, ки аз ин 7 млн ҷониби Тоҷикистон бар ўҳда дорад. Аз рўи нақша Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 1,5 млн евро пардохти ибтидоӣ карда, баъдан бояд ҳармоҳа 400 ҳазор евро пардохт намояд. Тавре аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи Душанбе иншооти ҷашнӣ буда, корҳои омодагӣ ба сохтмон аз тобистон соли гузашта шурўъ гардида буданд. Барои омода намудани майдони сохтмон лозим омад, ки бинои толори парвозҳои маҳаллӣ пурра вайрон карда шуда, дарахтон ва дигар иншооти дар доираи мавзеи сохтмонӣ мавҷуда барканор карда шаванд. Хадамоти гуногуни фурудгоҳ барои кўчонидани кабелҳои барқрасон ва системаи иттилоотӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Майдони сохтмон пурра деворбандӣ карда шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Дилшод-Н» оғоз карда шуд. Барои бунёди пойдевораҳо чуқурии зарурӣ канда шуда, аз 82 адад таҳкурсипояҳо 57 адад бетонрезӣ карда шуд. Мутаассифона бинобар маблағгузорӣ нашудани корҳои иҷрошуда аз ҷониби Софема Алпа –Аэропорт корҳои сохтмонӣ аз 14 01.2010 қатъ карда шуданд. Сабабҳои асосии ба маблағгузорӣ шурўъ накардани ҷониби Фаронса пеш аз ҳама ҳанўз пурра ба мувофиқа наомадани кулли ҳуҷҷатгузориҳои расмӣ аст. Ҷониби Фаронса хоҳиш дорад, ки мавод, маҳсулот ва таҷҳизоти воридшавандаи сохтмонӣ аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шаванд. Дигар ин, ки мутахассисони ҷониби Фаронса сари масъалаи мутобиқ наомадани меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо баҳс намуда, ба мувофиқа нарасидаанд, ки дар сохтмони иншоот кадом намуди семент истифода шавад. Ҷониби Фаронса ҷонибдори маркаи 350 буда, ҷониби Тоҷикистон бо маркаи 200 қаноатманд аст, зеро дар Тоҷикистон кулли иншоотҳо бо маркаи 200 сохта мешаванд. Алҳол барои тақвият ва боварибахш будани фикри ҷониби Тоҷикистон сементи маркаи 200 мавриди озмоиш қарор дода шудааст ва тули 28 рўз аз озмоиш пурра мегузарад. Бино ба иттилои намояндаи ҷониби Фаронса дар Тоҷикистон хонум Илона Каменская, ки худ меъмор аст, мутахассисони ҳарду ҷониб дар мавриди маркаи семент ба як хулоса омадаанд вале натиҷаи озмоишро интизоранд. Хонум Илона ҳамчунин иброз дошт, ки то гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод намудани ҷониби Фаронса метавонад мўҳлати қатъи корҳо идома ёбад. То пурра ҳуҷҷатгузории расмӣ дар ҳамаи самтҳо ба анҷом нарасад, ҷониби Фаронса наметавонад ба корҳои сохтмон машғул шавад, иброз дошт Илона Каменская. Тахмин меравад, ки корҳои сохтмонӣ аз моҳи марти соли равон шурўъ карда шаванд.








ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






