МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 8 феврал дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — Теҳрон маросими ботантанаи супоридани ҷоизаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ ба ғолибони озмуни байналхалқии «Китоби беҳтарини соли Эрон» баргузор мегардад. Дар байни ғолибони озмуни мазкур намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадсалом Махшулов низ ҳаст. Ӯ асарҳои илмии «Таърихи муносибатҳои мутақобалаи Эрон ва ислом» ва «Инсони комил дар ислом» — и Муртазо Мутаҳарриро аз форсӣ ба забони русӣ тарҷума намудааст. Тарҷумаҳои М.Махшулов дар бахши «Исломшиносӣ дар илми эроншиносӣ» асарҳои беҳтарин дониста шуданд. Хабар дода мешавад, ки инчунин тарҷумаи асарҳои илмии мутафаккирони машҳури исломӣ Абдулҳусейн Зарринкӯб – «Фарҳанги исломӣ», Муртазо Мутаҳаррӣ — «Масъалаҳои ҳиҷоб», «Мақоми ҳуқуқии зан дар ислом», Саидҳусейн Саравӣ — «Қиссаҳои беҳтарин» ба қалами М.Махшулов тааллуқ дорад. Тарҷумаи асарҳои мазкур дар нашриётҳои илмии Русия чоп шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мувофиқи анъана ҷоизаҳои озмуни мазкурро шахсан Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод месупорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






