ПУШАЙМОНИИ ШОҲИН
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Ғалабаи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, шаҳрванд Набиев Шоҳин соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент аз тарафи бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 2 кг 162 гр маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






