ҲАЛОКАТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Март 30, 2010 14:59

Душанбе,  30 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Дафтари  матбуоти  Сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  хабар  медиҳад, ки  29  марти  соли  2010  дар  натиҷаи  амалиёти террористӣ  дар   истгоҳҳои «Лубянка» ва  «Парк културы» — и  метрои  Маскав  се  шаҳрванди  Тоҷикистон ба  ҳалокат  расид.  Онҳо  Абдураҳмонов  Умед  Ҳусейнович, соли таваллудаш  1986,  сокини  ноҳияи  Вахш, Қаршиев  Нодирбек  Очилдиевич, соли  таваллудаш 1986 ва Эшназаров Исломҷон  Камолович,  соли таваллудаш  1985 ҳар  ду  сокинони   ноҳияи  Турсунзода мебошанд. Дар натиҷаи таркиш   шаҳрванди  Тоҷикистон  Ориё  Ёсинович  Назаров  — сокини  шаҳри  Душанбе низ маҷрӯҳ  шуд. Ӯ  айни  ҳол  дар  шифохонаи  ёрии таъҷилии  тиббии  ба  номи  Склифосовский  табобат  карда  мешавад. Вазъи  саломатии   мавсуф  хуб аст ва  ӯро  рӯзҳои  наздик  ҷавоб  медиҳанд,  гуфта  мешавад дар  хабари  сафоратхона.  Кормандони  шӯъбаи  муҳоҷирати  сафоратхона ҷустуҷӯи шаҳрвандони  Тоҷикистонро  дар  байни  шахсони  ҳалоку  маҷрӯҳшуда  давом  медиҳанд. Аз  дафтари  матбуоти  Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   кормандони вазорат ва  Сафоратхонаи Тоҷикистон  дар  Маскав барои  ҳалли  масъалаҳои  ба  ватан  фиристодани  ҷасади  шахсони   ҳалокшуда  ҳамаи  тадбирҳоро  меандешанд. Инчунин   хабар   дода  мешавад, ки  мақомоти  Русия  ба  аҳли оилаҳои  шахсони  ҳалокшуда  ба  маблағи  1  миллион  рубли  Русия  ва  ба  шахсони  маҷрӯҳгардида  ба  маблағи  460  ҳазор  рубли  Русия  кӯмак  мерасонанд. Русия  инчунин   тамоми  хароҷоти  вобаста ба  фиристодани  ҷасадҳоро  ба  зиммаи  худ  мегирад.

Март 30, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд