261, 6 МЛН. СОМОНӢ ДАР ДУ МОҲ

Март 30, 2010 10:42

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти  кишоварзӣ дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ   261,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 5,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 0,8 сомонӣ ва чорводорӣ 260, 8 млн. сомонӣ зиёд гардид. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои ВМКБ 4,4 млн. сомонӣ, вилояти Суғд   104,9, вилояти Хатлон 93,9 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 58,4 млн. сомониро ташкил намуд. То 1- уми марти соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ 311 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 14,8 фоиз зиёд мебошад.                    

Март 30, 2010 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид