ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Суғд, 27 март. (АМИТ «Ховар», Султон Гулмуродов).- Бо мақсади тарғибу ташвиқи гӯштини самбо байни ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва муайян кардани варзишгарони беҳтарин бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Самбои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 28-ум ва 29-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба гӯштини самбо доир мегардад. Дар он ҳайати дастаҳои Тоҷикистон, Туркменистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Иштирокчиёни чемпионати мазкур аз рўи вазнҳои 48 кг, 52 кг, 56 кг, 60 кг, 64 кг, 68 кг, 72 кг, 80 кг ва +80 кг байни занон ва дар ҳамин вазнҳо байни мардон то вазни +100 ќувваозмоӣ мекунанд. Ғолибонро тӯҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ интизор аст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






