ДАР СУҒД ТАЪСИСИ НАШРИЯҲОРО ҶАШН ГИРИФТАНД
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). 25 март дар чойхонаи Боғи миллии «Ваҳдат» вилояти Суғд бахшида ба 80 -солагии таъсисёбии рӯзномаи вилоятиии «Ҳақиқати Суғд» ва 75 -солагии нашр шудани аввалин шумораи «Согдийская правда» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Таҷлили ҷашни пуршукӯҳи нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – «Ҳақиқати Суғд» ва «Согдийская правда» бо иштироки қаламкашони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ходимони ин рӯзномаҳо ва собиқадорони соҳа ҷараён гирифт. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳамаи корамандони ин рӯзномаҳоро бо ҷашнашон табрик намуда, зикр кард, ки дар тӯли фаъолияташ рӯзномаҳои номбурда барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат ва пешрафти ҷомеъа саҳми арзанда гузоштаанд. Раиси вилоят ба чанд нафар рӯзноманигорони нашрияиҳои мазкур унвони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро супорид. Ёдовар мешавем, ки дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» бахшида ба ин ҷашн нимпайкараи аввалин муҳаррири рӯзномаи мазкур Муҳаммадҷон Ҳасанов гузошта шуд. 25 марти соли 1930 дар шимоли Тоҷикистон аввалин рӯзномаи расмӣ бо номи «Колхозчӣ» ба ҳукми инъикосгари воқеии ҳаёти мардуми меҳнатӣ рӯи кор омад. Сипас ин рӯзнома ба «Роҳи колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ», «Ҳақиқати Ленинобод» табдили ном кард. Имрӯз ин рӯзнома ҳамчун нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо номи «Ҳақиқати Суғд» чоп мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






