ДАР ВОСЕЪ РОҲҲО ТАЪМИР МЕЁБАНД
Восеъ, 3 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ таъмири роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба роҳ монда дар ин самт кӯшиш ба харҷ дада истодаанд. Вобаста ба ин мавзӯъ сармуҳандиси муассиса Саъдулло Нозимов гуфт: «То ин ҷониб аз тарафи муассиса масофаи 277 км роҳҳо таъмир гардида, 164 км онро роҳҳои маҳаллӣ ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ин манбаъ маблағгузорӣ аз тарафи вазорати нақлиёт сари вақт таъмин гардида, айни ҳол беш аз 80% роҳҳо аз таъмир бароварда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2009 дар маҷмӯъ ба маблағи 428 144 сомонӣ аз тарафи вазорати нақлиёт ҷудо гардид, ки ин маблағ барои харидорӣ кардани битум, асфалт, таъмири роҳҳо, музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои зарурӣ масраф гардидаанд. Саъдулло Нозимов зикр кард, ки моҳи март, оғози фасли баҳор мебошад ва массиса тасмим гирифтааст ба кабудизоркунӣ ва шинондани дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шурӯъ намояд. Инчунин муассисаи мазкур муроҷиатномаи сарвари давлатро дастгирӣ намуда, саҳмияҳои НБО Роғунро ба маблағи 19700 сомонӣ харидорӣ намуда, нақша доранд дар оянда низ дар ин самт саҳми босазои худро гузоранд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






