КӮМАКИ ҶОПОН БА ШИФОХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бо намояндагони Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон маросими имзои панҷ қарордоди кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон ба шифохонаҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Маблағи умумии қарордодҳо 454 ҳазору 206 доллари ИМА аст. Қарордодҳои мазкурро иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров, раиси ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшедов, муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулчеҳра Саъдуллоева, директори маркази ҷумҳуриявии илмии «Стомоталогия» Умар Тоҳиров ва директори шифохонаи кӯмаки таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб Инъомҷон Ҳақназаров имзо мекунанд. Тибқи қарордодҳои мазкур барои барқарор сохтани фаъолияти шӯъбаи бемориҳои сирояткунандаи шифохонаи ноҳияи Рӯдакӣ 95 ҳазору 776 доллари ИМА, барои беҳтар сохтани фаъолияти шифохонаи марказии ноҳияи Шуғнон 91 ҳазору 273 доллари ИМА, барои барқарор намудани шифохонаи № 1 ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ 89 ҳазору 503 доллари ИМА, барои беҳтар сохтани сифати табобати бемориҳо дар маркази ҷумҳуриявии илмии «Стомотология» — и шаҳри Душанбе 86 ҳазору 703 доллари ИМА ва барои таҷҳизонидани шифохонаи кӯмаки таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб 90 ҳазору 951 доллари ИМА ҷудо карда хоҳад шуд. Бо ин маблағҳо барои шифохонаҳои мазкур асбобу анҷоми заруртарини тиббӣ, аз ҷумла, асбобҳои ташхискунандаи беморӣ, таскиндиҳандаи дард зимни табобати беморӣ, дастгоҳҳои наркоздиҳӣ ва ғайра харида хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 то имрӯз барои амалӣ сохтани барномаҳои гуманитарӣ дар Тоҷикистон 16,9 миллион доллари ИМА сарф намудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






