МАҶЛИСИ НАВБАТИИ АГЕНТИҲОИ ИТТИЛООТИ ДАВЛАТИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 1 март дар Боку маҷлиси навбатии 11 – уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии мамлакатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он раиси Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии мамлакатҳои ИДМ, директори генералии ИТАР _ ТАСС Виталий Игнатенко, директори генералии Агентии телеграфии давлатии Озарбойҷон «Озартоҷ» Аслон Аҳмадӯғлӣ Аслонов, мудири иҷроияи агентии иттилоотии «Арманпресс» Грайр Зорян, раиси Агентии миллии иттилоотии «Казинформ» — и Қазоқистон Даурен Диёров, директори генералии агентии миллии иттилоотии «Кабар» -и Қирғизистон Норин Айип, директори генералии агентии давлатии иттилоотии «Молдпресс» — и Молдавия Владимир Дориё, директори департаменти иттилоотию таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ Александр Заварзин, сардори шӯъбаи иттилоот ва пахши ахбори Кумитаи иҷроияи ИДМ Игор Григорев иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Садриддин Шамсиддинов ширкат меварзад. Иштирокчиёни маҷлис тадбирҳои идонаи бахшида ба ҷашни 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ташкили озмуни суратҳо бахшида ба иди Ғалаба, кушодани саҳифаи алоҳидаи интернетӣ бахшида ба иди Ғалаба, тадбирҳои бахшида ба ҷашни 20 — солагии ИДМ, нақшаҳои тайёрӣ ба анҷумани навбатии Ассосиатсияи ҷаҳонии матбуоти Русия ва масъалаҳои дигарро муҳокима намуданд. Анҷумани навбатии ҷаҳонии матбуоти Русия соли равон дар Исроил баргузор хоҳад гашт. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Шӯрои агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ айни ҳол Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия ва Тоҷикистонро муттаҳид менамояд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






