МАЪРАКАИ ХАЙРИЯ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 30 март. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).-Дар шаҳри Қӯрғонтеппа танҳо дар моҳи март 353 адад тӯи хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат баргузор ва ба 66 нафар маъюбон аробачаҳо тақдим карда шуд, ки саҳми ҳукумати маҳал, тоҷирон ва шахсони доро дар ин амри хайр назаррас будааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Хатичабону Ализода мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Қурғонтеппа хабар дод. Бинобар хабари расида дар ин маъракаҳои хайриявӣ ба пиронсолону бекасон низ кӯмаки молӣ ва хӯрока расонида шудааст. Маъюбону кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор дар тарабхонаи «Оби тозаи»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тӯхфаҳоро аз қабили сару либоси мактабӣ ва саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба маблағи 100 сомонӣ соҳиб шуданд. Ба иттилои расида аз ҳукумати маҳаллӣ барои оилаҳое,ки ба тозагӣ ташкил мешаванд саҳмияҳо тақдим карда шуда, минбаъд низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






