МАШҚИ МУШТАРАКИ НИЗОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Қумондонон ва коршиносони ҳарбии Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон 26 феврал дар фарҷоми мулоқоташон дар шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба гузаронидани машқи муштараки низомӣ протокол имзо намуданд. Ҳадафи машқи мазкур ҳамоҳанг сохтани тадбирҳои мубориза ба муқобили терроризм мебошад. Дар машқ асосан ҷузъу томҳои Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилии минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд. Иштирокчиёни мулоқот 25 феврал маҳалли гузаронидани машқи ҳарбӣ — пойгоҳи низомии таълимии Чоруқдарронро аз назар гузарониданд. Дар ин ҷо барои иштирокчиёни машқи ҳарбӣ шаҳраки хаймаҳо бунёд карда мешавад. Аз Тоҷикистон дар машқ як баталёни Вазорати мудофиа, аз Қирғизистон як рота, аз Қазоқистон як взвод ва аз Федератсияи Русия як ротаи тирандозони савора иштирок хоҳанд кард. Ротаи тирандозони савораи Русия бо техника, қувваи зинда ва лавозимоташ аз пойгоҳи низомии дар Душанбебуда масофаи 300 километрро тай намуда, ба маҳалли машқ меравад. Низомиёни Қирғизистон низ бо нақлиёти заминӣ ба вилояти Суғд меоянд. Хизматчиёни ҳарбии Қазоқистон ба воситаи ҳавопаймо ба маҳалли машқ расонида мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои таъминоти ақибгоҳ, хизматрасонии тиббӣ ва амалиёти муштараки воҳидҳои низомии алоқа, техника ва таслиҳот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






