МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛҲОДӢ АРГАНДЕВОЛ

Март 18, 2010 07:36

17 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Аргандеволро  ба ҳузур пазируфт. Дар вохўрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистону  Афғонистон ва рушду тавсеаи он мавриди  баррасӣ  қарор дода шуд. Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни сўҳбат изҳор дошт, ки  «дар тайи чанд соли охир роҳу усулҳои равобити Тоҷикистону Афғонистон ба куллӣ такмил ёфта, соҳаҳои ҳамкории мутақобилан  судманд тавсеаи бештар пайдо кардаанд ва мо умедвор аз онем, ки  ҳарду ҷониб дар оянда низ барои рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ талоши бештаре менамоянд». Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика,  аз ҷумла бунёди хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва татбиқи  амалии лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи  КАСА -1000, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешавад  барои ду давлати ҳаммарз ҳамчун  омили муҳими пешбарандаи иқтисодиёт арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки  Тоҷикистону Афғонистон ҳ аз татбиқи ин лоиҳа манфиати зиёде хоҳанд дид. Дар мулоқот ҳамзамон доир ба нақши транзитии Тоҷикистону Афғонистон дар минтақа,  бунёди корхонаҳои муштарак  ва нерўгоҳҳои обии гуногуниқтидор, татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатҳои байнидавлатии интиқоли нерўи барқ, сохтмони роҳҳои оҳан, инчунин доир ба  гузаронидани Форуми тиҷоратии муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Душанбе  мубодилаи   афкор  сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Март 18, 2010 07:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад