МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЭМРИ ДЕ МОНТЕСКЮ
12 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескюро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоќот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «шарики асосии Тоҷикистон дар ќитъаи Аврупо» арзёбӣ намуда, аз сатҳи муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори ќаноатмандӣ намуд. Ба ҳамкории сохторҳои дифоии ду кишвар низ баҳои баланд дода шуд. Эмри де Монтескю «Таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон ва маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро барои барќарорсозии сулҳу осоиш дар Афғонистон басо муҳим» арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки «Фаронса ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст». Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкории иќтисодии Тоҷикистону Фаронса сурат гирифт. Намояндаи махсуси Президенти Фаронса иттилоъ дод, ки сохтмони терминали нави муосир дар фурўдгоҳи шаҳри Душанбе то 20 – солагии истиќлоли Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 ба анҷом хоҳад расид. Ҳарду ҷониб ба густариши бештари ҳамкории иќтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






