МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МОТО КОНИШИ

Март 10, 2010 15:44

10 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Мото Кониширо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба татбиқи Стратегияи кишварии шарикии Бонки умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон, дастгирии кишвар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва масоили сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Стратегияи кишварии шарикии Бонки умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 бояд бо назардошти дархосту пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон такмил дода шавад». Гуфтугўйи судманд оид ба сохтмони нерўгоҳи Роғун, аз ҷумла доир ба омодасозии асоснокии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии ин лоиҳа сурат гирифт. Мото Кониши иттилоъ дод, ки бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон, ки се сол пеш равона гашта буд, ахиран аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ супориши техникӣ оид ба гузарондани асоcноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии он омода гашт. Ба гуфти Мото Кониши, барои интихоби ширкатҳо ва мутахассисони амаликунандаи ин корҳо тақрибан 3 моҳ ва барои гузарондани асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун аз 12 то 18 моҳ вақт сарф хоҳад шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: «асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳа бояд аз ҷониби ширкатҳо ва мутахассисони эътирофшудаи ҷаҳонӣ дар сатҳи хеле баланд ва холисона анҷом дода шавад, то ки ҳеҷ гуна шакку шубҳа оид ба бехатарии нерўгоҳи Роғун боқӣ намонад». Мото Кониши ҳамчунин таъкид дошт, ки дар сурати бо натиҷаҳои мусбӣ анҷом ёфтани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун Бонки Умумиҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории идомаи сохтмони  ин нерўгоҳ кўмак хоҳад кард. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаи бунёди хатти 500 киловолтаи КАСА  — 1000, ки бояд аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кашида шавад, сурат гирифт. Ба иттилои Мото Кониши асоснокии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди ин хатти интиқоли барқи баландшиддат моҳҳои август-октябри соли равон бояд омода шавад. Таъкид гардид, ки омодасозии асоснокии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун ва ҳам лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Март 10, 2010 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад