НОМИ МУАССИСАҲОИ АЛОҚАИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ТАҒЙИР МЕЁБАД
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Номи муассисаҳои алоқаи телефонии мобилии «Индиго-Тоҷикистон» ва «Сомонком» рӯзҳои наздик тағйир дода хоҳад шуд. Сабаби ин иваз гардидани соҳиби асосии ширкати «Индиго» мебошад. Айни ҳол соҳиби ширкати мазкур Ширкати муштараки Шветсия ва Финляндия — «Телиасонера» мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки минбаъд муассисаҳои алоқаи телефони мобилии Тоҷикистон «Тселл» номида хоҳад шуд. Номи муассисаҳои алоқаи телефони мобилии ширкати мазкур дар мамлакатҳои дигар низ тағйир дода мешавад. Масалан, номи муассисаи ширкат дар Қазоқистон — Кселл, дар Гурҷистон – Геоселл, Озарбойҷон — Озарселл, дар Ӯзбекистон — Уселл, дар Молдавия — Молдселл, дар Непал – Нселл, дар Камбоҷа – Старселл ва ғайра номида мешаванд. Инчунин ранги нишони рамзии муассисаҳои алоқаи телефони мобилӣ тағйир меёбад. Нишони рамзии нави онҳо «санг» мебошад. Ҳадафи роҳбарони ширкат ба ҳам боз ҳам наздиктар сохтани мизоҷонашон бо роҳи пешниҳоди таарруфаҳои нав ва васеъ кардани минтақаи алоқа ва сифати он мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






