РОБИЯИ БАЛХӢ ВА ҶОЙГОҲИ Ў ДАР ШЕЪРУ АДАБИ ПОРСӢ
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-31 марти соли равон Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» дар толори вазорати фарҳанг конфронси илмӣ-байналмилалиро бо номи «Робияи Балхӣ ва ҷойгоҳи ў дар шеъру адаби порсӣ» баргузор менамояд. Дар он шоирону нависандагон ва устодону коршиносон аз Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар конфронс мутахассисон дар мавзӯҳои «Робияи Адвия ва Робияи Балхӣ», «Робияи Балхӣ ва ишқи шўрангези ў», «Нумўи пуртуғён ва шикасти нобаҳангом», «Робия шоири ориф ё ошиқ», «Робияи Балхӣ дар Афғонистон» маърӯзаҳо намуда, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти шоира баҳсу мунозира хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар доираи ин чорабинӣ барои иштирокчиён филме пешкаш карда мешавад. Конфронс ду рӯз идома ёфта, баъд аз анҷоми он меҳмонон аз муҷтамаи Ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ва Осорхонаи бостоншиносӣ дидан хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






