ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Март 17, 2010 12:46

Душанбе,  17 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Сардори  раёсати иттилооти  ВКХ Тоҷикистон  Давлат  Назриев  зимни  сӯҳбат  бо  журналистон  хабар дод, ки  Президенти  Туркманистон Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  субҳи  18  март  барои боздиди расмии  давлатӣ  ба  пойтахти Тоҷикистон  хоҳад  омад. Баъди  маросими   истиқбол  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  Президенти  Туркманистон  Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов дар Қасри миллат якка  ба  якка  сӯҳбат  мекунанд. Сипас  гуфтушуниди  ҳайатҳои расмии  ҳар  ду  кишвар  баргузор  мегардад.  Дар  фарҷоми  гуфтушунид   имзои   изҳороти  муштарак  ва  шаш  ҳуҷҷати байниҳукуматию  байниидоравӣ ба  нақша  гирифта шудааст. Президенти  Туркманистон  баъди  чошти  18  март  бо  раиси  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон  Зуҳуров  мулоқот  анҷом  хоҳад  дод. Тибқи  нақша Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов   пагоҳ  ба  Донишгоҳи давлатии  тиббии  ба  номи  Абӯалӣ  ибни  Сино рафта,  бо  омӯзгорону донишҷӯёни он  мулоқот  мекунад. Роҳбари  давлати  Туркманистон  19  март  дар  ноҳияи  Данғара  дар  тантанаҳои таҷлили Иди байналмилалии  Наврӯз   иштирок  намуда,  бегоҳии  ҳамон рӯз ба  ватан  бармегардад.  

Март 17, 2010 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид