ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОН БА ЛИТСЕЙҲОИ ТОҶИКИЮ ТУРКӢ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 литсей – интернати тоҷикию туркӣ амал мекунад. Соли ҷорӣ имтиҳонҳои қабул ба синфи 6 ба ин литсей – интернатҳо аз 25 апрел оғоз мегардад. Дар литсей – интернатҳо омӯзиши фанҳои дақиқ – химия, физика, биология, математика бо забони англисӣ бо истифода аз компютер, видео, аудио, омӯзиши фанҳои технологияи информатсионӣ ва ҳамчунин омӯзиши фанҳои гуманитарӣ — таърих, география, забон ва адабиёти тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад. Хонандагон дар хобгоҳ зиндагӣ намуда, се маротиба бо хӯрок таъмин карда мешаванд,- иброз доштанд дар Вазорати маориф ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






