ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Апрель 10, 2010 12:10

Имрӯз дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Точикистон ҷаласаи Ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти ҳадамоти махсуси кишвар дар семоҳаи якуми соли 2010 ҷамъбаст гардид. Ҳамчунин, иштирокчиёни маҷлис фаъолияти мақомоти амнияти милли дар самти муҳофизати сарҳади давлатӣ, ҳимояи иншоотҳои муҳими стратегии кишвар ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Диққати асосӣ ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомали Раҳмон аз моҳи феврали соли равон дар хусуси боз ҳам ҷоннок намудани робитаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла байни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар равона карда шуд. Аз тарафи роҳбарияти Кумита бо мақсади пурзӯр намудани самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар доираи таъмини амнияти давлат, ҷомеъа ва шаҳрванд дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд. Дар ин бора ба мухбири мо аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Апрель 10, 2010 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид