АЗ ВАЗИДАНИ ШАМОЛИ САХТ АЛАНГАИ ОТАШ ПАҲН ШУД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 15 сӯхтор рух дод, ки зарари умумии молии онҳо 26 ҳазору 690 сомониро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ, масоҳати умумии сӯхторҳо 493 метри мураббаъ мебошад. Чун ҳарвақта сабабҳои рух додани сӯхтор муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд –10 сӯхтор, вилояти Хатлон – 2 сӯхтор, шаҳри Душанбе – 2 ва ноҳияи Турсунзода – 1 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, 29 марти соли равон дар манзили истиқоматии шаҳрванд Муҳаммадшариф Хайруллоев, мудири шӯъбаи касалиҳои сирояткунандаи беморхонаи №1 ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор ба амал омад. Ба кӯшиши оташнишонон нигоҳ накарда, бинобар вазидани шамоли сахт алангаи оташ дар масоҳати 150 метри мураббаъ паҳн шуда, қисми зиёди хонаи дар наздикии ҷои сӯхтор воқеъ бударо фаро гирифт. Дар натиҷа молу амволи ҳуҷраҳои истиқоматӣ, дару тиреза, шифту фарш сӯхта нобуд гардид. Зарари аз сӯхтори ба амал омада мувофиқи ҳисоби пешакӣ 210 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сабаб ва гунаҳкор муайян карда мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






