БАҲСИ СОҲИБКОРОН САРИ ЧИСТ?
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Суди олии иқтисодӣ 6 парванда баррасӣ гардид, ки аслан масъалаҳои шартномаҳои тиҷоратиро дар бар мегиранд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 20 апрел, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхӯҷа Ғойибназаров. Ӯ афзуд, ки аслан баҳсҳо атрофи шартномаҳои соҳибкорони инфиродӣ ё ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳои хориҷӣ баррасӣ гардиданд, ки дар онҳо нофаҳмиҳо оид ба фоизи корҳои муайяншуда, қарзҳо, доду гирифти маҳсулот ва амсоли инҳо ба миён омада буд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Суди олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳсҳои соҳибкорони ватанӣ бо ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Корея ва Россия ҳаллу фасл карда шуд. Аксари арзу шикоятҳо нисбат ба ширкатҳои Россия буданд, ки бисёри онҳо масъалаҳои иҷро нагардида бандҳои шартномаҳоро фарогиранд. «Мавриди зикр аст, ки аксари вақт ҷонибҳо ҳангоми бастани шартнома ба нуқтаҳои муҳими он, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва мутобиқаташ ба қонунҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аҳамият намедиҳанд, ки он ба баҳсҳои судӣ оварда мерасонад», — гуфт дар хотима А. Ғоибназаров.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






