БАДАХШОН БО ТУХМИ ХУШСИФАТ ТАЪМИН МЕШАВАД

Апрель 9, 2010 11:55

Бадахшон, 9 апрел. (АМИТ «ХОВАР», Лутфишо Додо).- Дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ кишти баҳорӣ оғоз ёфт. Дар ноҳияҳои болооби рӯдхонаи Панҷ, аз ҷумла Ишкошим ва водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ҳанӯз заминҳо зери барф буда, мавсими кишт камее дертар шурӯъ мешавад. Муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ Фарҳод Нургулов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «ҳовар» гуфт, ки дар кишти баҳорӣ масъалаи аввалиндараҷа дарёфти тухмии хушсифату серҳосил мебошад. Аз ин рӯ, бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ рӯзҳои наздик 48580 тонна тухми картошка ва 20 тонна тухми ғалладона ба Бадахшон оварда мешавад. Ин тухмиҳо хушсифат ва серҳосил буда, барои кишт манфиатовар аст.  

Апрель 9, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид