БОРИШОТИ 11 АПРЕЛ ХИСОРОТИ ЗИЁД ВОРИД КАРД

Апрель 12, 2010 16:55

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ иттилоъ доданд, боришоти зиёди рўзи 11 апрели соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ боиси ба вуқўъ омадани ҳолатҳои фавқулодда гардиданд. Дар натиҷа ба аҳолӣ ва иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хисороти зиёд ворид карда шудааст. Инчунин дар ноҳияи Восеъ дар натиҷаи омадани сел ва баланд шудани сатҳи дарёи Ёхсу раҳнашавии соҳили дарё ба амал омада об вориди деҳаи Ғофилободи ҷамоати деҳоти Пахтакор гаштааст. Дар ин ҳодиса қариб 147 манзили зист ва амволи сокинони деҳаи номбурдаро хароб намуд. Аҳолии деҳа ба таври фаврӣ аз деҳа бароварда ба хонаҳои сокинони деҳаи ҳамсоя мувақатан ҷойгир шудаанд. Инчунин дар натиҷаи омадани сел дар Сойи Тебалай ба манзилҳои зисти сокинони кўчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб иншоотҳои ёрирасон ва амволи шаҳрвандон зарар диданд. Ҳолати ба амал омада таҳти назорати мақомотҳои ҳолатҳои фавқулодда қарор дошта баҳри расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида қувва ва воситаҳои зарурӣ сафарбар карда шудааст. Ҳаҷми ҳисорот муайян карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари вилояти Хатлон боришоти 11 апрел ба аҳолӣ ва хоҷагии ноҳияҳои Рудакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Файзобод ва дигарҳо низ зарар овардааст.  

Апрель 12, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад