ДАР СУҒД СОҲАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ РИВОҶ МЕЁБАД

Апрель 2, 2010 12:41

 Суғд, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Фабрикаҳои паррандапарварии вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои барномаи давлатии рушди соҳа  ва дурнамои тараққиёти он чораҳои мушаххас меандешанд.    Дар ҳамаи фабрикаҳо зиёд кардани саршумор, беҳтар намудани зоти парранда, воридоти технологияи нав, азнавсозии мурғхонаҳо ва мувофиқ гардонидани нигоҳубини парранда ба меъёрҳои муқарраршуда, муҳайё намудани шароит барои нигоҳ доштани маҳсулот, аз ҷумла тухми парранда диққати ҷиддӣ дида мешавад. Аз ҷумла дар Ҷамъияти саҳҳомии «Паррандапарвар-2»-и ноҳияи Ҷ.Расулов бо ворид намудани таҷҳизоти сохти навтарин аз Федератсияи Русия якбора ба 300-350 ҳазор  сар зиёд кардани саршумор замина гузошта шуд.   

Апрель 2, 2010 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад