ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БА ҶОИЗАҲОИ БА НОМИ ЛОМОНОСОВ САЗОВОР ГАРДИДАНД

Апрель 23, 2010 14:57

Душанбе,  23 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина ). —  Раиси  Бунёди  рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти  Аврупо  ва  Осиё» — и  Федератсияи  Русия  Валерий  Турсунов 22  апрел  дар  шаҳри  Душанбе  ба гурӯҳи  калони  донишҷӯёни тоҷик  дипломҳо  ва  стипендияҳои ба номи  М.В.Ломоносовро  супорид. Дипломҳо ва   стипендияҳои ба  номи  Ломоносов  ба  донишҷӯёни  факултаҳои  гуманитарӣ барои  омӯзиши  фаъолонаи   забону  адабиёти  рус  дода  мешавад. Маблағи  стипендияи  мазкур  50  доллари  ИМА буда,  дар  давоми семоҳа  ба  донишҷӯён дода  хоҳад шуд. Дипломҳо  ва  стипендияҳои  мазкур   аз рӯи  натиҷаҳои  се моҳи аввали   соли равон  ба  донишҷӯи  соли  панҷуми  факултаи   забону  адабиёти руси  Донишгоҳи  миллӣ  Равшан  Сафаров,  донишҷӯи  соли  сеюми  факултаи  забону  адабиёти руси  Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  шаҳри  Душанбе  Зӯҳро  Мадаминова,  донишҷӯи  соли  сеюми факултаи  филологияи  руси Донишкадаи  давлатии  забонҳои ба номи Сотим  Улуғзода  Фотима  Эгамназарова,  донишҷӯи  соли  сеюми  факултаи  ҳунарҳои  зебои  Консерваторияи  миллии Тоҷикистон Далери  Исматилло,  донишҷӯи соли  дуюми  коллеҷи  омӯзгории  Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд   Фарзона  Акрамӣ,  донишҷӯи  соли  сеюми  факултаи  филологияи  Донишгоҳи давлатии  Қӯрғонтеппа Насиба  Абдуллоева,  донишҷӯи  соли  сеюми  факултаи  забону  адабиёти  Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд Нодира  Собирова, донишҷӯи  соли  сеюми  факултаи  филологияи  Донишкадаи  омӯзгории  шаҳри  Панҷакент Фарангис  Олимова ва  донишҷӯи  соли  чоруми   факултаи   забонҳои  хориҷии  Донишгоҳи  давлатии  Хоруғ  Заррина Раҳмонқулова супорида  шуданд. Донишҷӯёнро  ба  ин  муносибат  Сафири  Русия  дар  Тоҷикистон Юрий  Попов,  муовини  ректори Донишкадаи давлатии   забонҳои  ба  номи  Сотим  Улуғзода  Абдулҳамид  Нозимов,  сармутахассиси  шӯъбаи  илм  ва  маорифи  Дастгоҳи иҷроияи  Президенти  ҷумҳурӣ  Таваккал  Маликов,  сардори  Раёсати   маълумоти   олии  касбӣ  ва  такмили ихтисоси омӯзгорони Вазорати  маориф  Ҳакимхон  Валиев  ва раиси   Академияи  маорифи  Тоҷикистон Ирина  Каримова табрик намуданд.

Апрель 23, 2010 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид