МАҚСАД -ТАРБИЯИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН
Ҳисор, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имсол низ шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор дар таҷлили бошукӯҳи иди Модар, Наврӯзи хуҷастапай, ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ нақши хотирмон гузошт. Айни замон дар ҳудуди ноҳия 41 муассисаи фарҳангӣ фаъолият доранд. Шӯъбаи фарҳанг барои сазовор ҷашн гирифтани 65- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ як қатор чорабиниҳоро аз ҷумла, саҳнаҳои драмавӣ таҳти унвони «Родмардони Ватан», ки дар се давр баргузор мегардад, озмун эълон кардааст. Даври аввал дар мактабҳо, даври дуюм дар ҷамоатҳо ва даври ниҳоӣ дар ноҳия баргузор мегардад. Тавре, ки мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Нуралӣ Мирзоалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ба ин васила шӯъбаи фарҳанг беҳтарин истеъдодҳоро рӯи саҳна хоҳад овард. Ҳамчунин бахшида ба 1-июн рӯзи муҳофизати кӯдакон озмуни «сарояндаи ҷавон» эълон шудааст, ки ин сабқат низ дар дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав ҳиссагузор хоҳад буд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






