МАЪЮБОН БА ТАБОБАТ ФИРИСТОДА МЕШАВАНД
Қӯрғонтеппа, 9 апрел.(АМИТ «Ховар» Юсуфбек Беков).-Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати Агентии давлатии шуғли ахолӣ ва муҳоҷирати меҳнат дар вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Собиров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо мақсади аниқ намудани шумораи кӯдакони маъюб рӯйхати эҳтиёҷмандони ташхиси фалач, майнаи сар, оқибати осеби ба қайд гирифта шудаст. Барои табобат кӯдакони маъюби аз 4 то 16 сола бо волидайн (модар) ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахши барои кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Варзоб ба мӯҳлати 21 рӯз барои табобат фиристода мешаванд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 30 нафар маъюбон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят табобат гирифтаанд. Инчунин 133 нафар кӯдакони маъюб аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба рӯйхат гирифта, ба навбат гузошта барои табобат фиристонида мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






