МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ ТУРКМАНИСТОН

Апрель 9, 2010 17:05

Душанбе,  9 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  имрӯз бо  сафири  нави  Туркманистон  дар  Тоҷикистон Нӯкаргулӣ  Отагулиев  мулоқот  кард.  Сафири  Туркманистон  ба  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  нусхаи эътиборномаи  худро  супорид. Ҳамрохон  Зарифӣ  Нӯкаргулӣ Отагулиевро  ба  муносибати  ба  ин  вазифа таъин  гардиданаш  табрик  намуда,  ба  ӯ  дар  густариши  минбаъдаи  муносибатҳои  дуҷонибаи  Тоҷикистону  Туркманистон  барору  комёбӣ  орзу  намуд. Сипас  мусоҳибон   маҷмӯи  масъалаҳои   марбут ба  вусъати  ҳамкории  мутақобилан  муфиди  кишварҳояшонро  мавриди  баррасӣ  қарор  доданд. Қайд  карда шуд, ки  ҳар ду  мамлакат  барои густариши  муносибатҳо   ва  ҳамкории  дуҷониба дар  ҳамаи  соҳаҳо  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд.    

Апрель 9, 2010 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид