МУЛОҚОТИ Ш. ХАЙРУЛЛОЕВ БО АНАТОЛИЙ СЕРДЮКОВ

Апрель 15, 2010 10:49

Душанбе,  15 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирдавс  Таваров). —  Тавре  хабар  дода шуда буд,  дирӯз  дар  Маскав  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  вазирони  мудофиаи  давлатҳои ИДМ   кушода шуд.  Дар  он  вазири  мудофиаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шералӣ  Хайруллоев  низ  иштирок  дорад. Шералӣ  Хайруллоев  қабл  аз  оғози  маҷлис  бо  вазири  мудофиаи  Федератсияи  Русия  Анатолий  Сердюков  мулоқот  кард.  Зимни  мулоқот  вазъи  имрӯза  ва  нақшаҳои  ояндаи  ҳамкории  вазоратҳои  мудофиаи  ҳар  ду  кишвар   дар  соҳаҳои  гуногун  муҳокима  шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  маҷлис  инчунин  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ —  котиби  иҷроияи  ИДМ Сергей  Лебедев,  котиби  Шӯрои  вазирони  мудофиа  Александр  Синайский, роҳбари  маркази  зиддитеррористии ИДМ,  генерал – полковники  милиса  Андрей  Новиков  ва  шахсони  дигари расмӣ  иштирок  доранд. Вазири  мудофиаи  Русия  А.Сердюков  маҷлисро  кушода,  изҳор  намуд, ки   асоси   вазъияти босуботи  ИДМ   ҳамкории  ҳарбию  низомии  давлатҳои  Иттиҳод ва таҷрибаи   пурғановати   онҳо   дар  соҳаи  ҳарбӣ  мебошад.  Шӯрои  вазирони  мудофиа  воситаи  самарабахши таъмини   амният  аст,  зеро   имрӯз  ҳам  хавфи  ба  вуҷуд  омадани  муноқишаҳои  нави  ҳарбӣ   аз  байн  нарафтааст. Дар  маҷлис   масъалаҳои  марбут ба  тайёрию  гузаронидани   иди  65 – солагии  ғалаба  дар Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  муҳокима  карда шуданд.  Шӯрои  вазирони  мудофиа матни муроҷиатномаро  ба   иштирокчиёну  ветеранҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ,  қувваҳои  мусаллаҳ  ва   хизматчиёни  ҳарбии  давлатҳои  ИДМ  қабул  намуд. Иштирокчиёни  маҷлис  бештар  аз  20  масъаларо  муҳокима  намуданд. Ин  масъаларо  ба  силсилаи тадбирҳои  муштараки  беҳтар  намудани  фаъолияти   ҷузъу  томҳои  муҳандисии Қувваҳои  мусаллаҳи  давлатҳои  ИДМ,  низомномаи  фаъолияти  Кумитаи  ҳамоҳангсози  фармондеҳони  ҷузъу  томҳои  мудофиа  аз  аслиҳаи  радиатсионӣ ва  биологӣ,  такмили таъминоти  ҳуқуқии  ҳамкории доманадори  ҳарбӣ,  гузаронидани  озмуни  байналмилалии  асарҳои  илмии  ҳарбӣ,  ташкили   системаҳои  муттаҳидаи  таъминоти  ҳарбӣ,  ҷараёни  иҷрои  вазифаҳои таъминоти  метрологии қувваҳои  мусаллаҳ   ва  ғайра  марбут  мебошанд. 

Апрель 15, 2010 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид