МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАИ СААД БО РОҲБАРИ ҲУКУМАТИ МУВАҚҚАТИИ ҚИРҒИЗСТОН
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Муовини Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Валерий Семериков дар Бишкек бо роҳбари Ҳукумати муваққатии мусолиҳаи миллии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот кард. Зимни мулоқот вазъияти Қирғизистон ва роҳҳои мӯтадил гардонидани он муҳокима карда шуданд. Намояндаи СААД ва роҳбари Ҳукумати муваққатии Қирғизистон паймон карданд, ки ҳамкориро барои ҳалли проблемаҳои сиёсию иқтисодии мамлакат давом диҳанд. Тавре хабар дода шуда буд, ҳайати котиботи СААД 8 апрел барои шиносоӣ ва омӯхтани вазъияти Қирғизистон ба Бишкек омада буд. Намояндагони созмон тӯли рӯзҳои гузашта бо роҳбарони вазорату идораҳои низомӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мулоқот карданд. Онҳо дар бораи воқеаҳои рӯзҳои охири Қирғизистон ва роҳҳои мӯътадил сохтани вазъияти он барои Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон маърӯзаи муфассал омода месозанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






