НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУРӮЪ ШУД

Апрель 17, 2010 11:07

Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ оғоз шуд, ки дар он намояндагони барордаршаҳрҳои Душанбе аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Чин Фаронса ва Канада иштирок доранд. Ин чорабинӣ дар масофаи 21 км 097 м – гузаронида шуда, нуқтаи оғози он КВД Ипподром- хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва нуқтаи анҷомаш майдони «Дӯстӣ» мебошад.                  Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе  Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ниммарафон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳои Душанбе гузаронида мешавад. Дар ниммарафон, ҳамзамон  варзишгарон аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт инчунин, алоқамандону варзишгарони касбӣ, ки собиқаи ширкат дар чунин мусобиқаҳоро доранд, кормандони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии дар Душанбе фаъолиятдошта иштирок доранд. Шаҳрдории Душанбе ба иштирокчиёни ниммарафон, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, бо мукофотҳои пулӣ аз ҷумла, барои ҷойи якум 15 330 сомонӣ ( 3500 $ ИМА), ҷойи дуюм 13140 сомонӣ (3000  $ ИМА), зинаи сеюм 10 950 сомонӣ (2500 $ ИМА), ҷойи 4-ум 8 760 сомонӣ (2000 $ ИМА), зинаи 5-ум 7884 сомонӣ (1800 $ ИМА), ҷойи 6-ум 6570 сомонӣ (1500 $ ИМА) қадрдонӣ менамояд.

Апрель 17, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад