САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА БРУНЕЙ ДОРУССАЛОМ
3 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари давлатӣ аз Сингапур ба Бруней Доруссалом рафт. Хотиррасон бояд кард, ки сафари Сарвари давлати Тоҷикистон ҳам ба Сингапур ва ҳам ба Бруней Доруссалом бори нахуст сурат мегирад. Худи ҳамин рўз барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо маросими бошукўҳи истиқбол аз ҷониби Султони Бруней-Доруссалом Ҳассанал Болкиаҳ ва мулоқоти дуҷонибаи сатҳи олӣ оѓоз ёфт. Дар мулоқоти сарони ду давлат, ки нахуст дар ҳайати хосса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифт, масоили ба роҳ мондани ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд баррасӣ гардид. Бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот, иштироки сармоягузорони Бруней Доруссалом дар истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва дигар маъданҳо матлуб дониста шуд. Султони Бруней-Доруссалом ҳассанал Болкиаҳ ҳузури ҳайати калони соҳибкорони Тоҷикистонро дар ин сафар фоли нек аз оѓози ҳамкории густурда арзёбӣ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Султони Бруней-Доруссалом Ҳассанал Болкиаҳро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Аз рўйи натиҷаҳои музокирот расмӣ 4 санади заминагузори ҳамкории гуногунҷанба ба имзо расид: Созишнома миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз фоида ва сармоя; Тафоҳумномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, маориф, фарҳанг, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи сафарҳои бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ; Протокол миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Бруней Доруссалом дар бораи машваратҳои дуҷониба








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






