ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ «РУШДИ ДЕҲОТ»

Апрель 22, 2010 10:11

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муассисаи давлатии маркази идоракунии лоиҳаҳои «Рушди деҳот», ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби қарз ва грантҳои Бонки Осиёгии Рушд ва дигар ташкилотҳои сармоягузори хориҷӣ таъсис дода шудааст,   давлати   як сохтори нав буда,  бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар деҳот фаъолият мекунад. Бино ба гуфти директори  лоиҳа Усмон Сабзов, он асосан ба  бахшҳои боғдорӣ, чорводорӣ, барқарорсозии тартиби ирригатсионӣ ва инфраструктураи деҳот нигаронида шудааст. Яке аз мақсадҳои таъсиси лоиҳа ба кор ҷалб кардани занони хонанишини деҳот  ва аҳолии бекори маҳаллӣ ба шуғли меҳнат мебошад. Лоиҳа айни замон 719 ҳазор нафар сокинони деҳотро дар доираи 6958 оила муттаҳид карда, барои амалӣ шудани он 400 ҳазор гектар замин ба онҳо вобаста карда шудааст. Дар доираи амалӣ шудани лоиҳа 5 ноҳияи пилотӣ (интихобӣ- таҷрибавӣ)- Ваҳдат, Роғун, Рӯдакӣ Варзоб ва Файзобод дохил мегарданд, ки маблағи умумии лоиҳа барои ин ноҳияҳо 23,3 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Апрель 22, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид