«ТОҶКОНИНВЕСТ»- ХАДАМОТИ МАШВАРАТӢ БА САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). –Дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷдипсервис» Корхонаи фаръии «Тоҷконинвест» таъсис дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, мақсадҳои асосии ин корхона пеш аз ҳама тарғиби имкониятҳои сармоягузории ҶТ, тақдими хадамоти машваратӣ ба сармоягузорони хориҷӣ, таҳияи маълумотномаҳои таҳлилӣ ва диросоти иқтисодиву техникӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешниҳоди он ба сармоягузорони эҳтимолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Дар назар аст, ки баъд аз омӯзиши таҷрибаи сармоягузорӣ дар кишварҳои мухталифи муттараққӣ, пешниҳодҳои мушаххас барои беҳтар нмудани вазъи сармоягузорӣ дар кишвар, ба мақомоти салоҳиятдор пешкаш карда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






