ВАЗЪИ СОҲАИ СОХТМОН ЧӢ ГУНА АСТ?

Апрель 16, 2010 11:28

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2010 дар соҳаи  сохтмон  аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ   674 миллиону 571 ҳазору 900 сомонӣ истифода шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  165 миллиону 439 ҳазор сомонӣ зиёд  аст. Дар ин муддат дар сохтмони иншооти энергетикӣ  364 миллиону 636 ҳазору 900 сомонӣ  сармояи асосӣ, аз ҷумла 139 миллиону 427 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ, худи корхонаю ташкилотҳо  ва карзҳои хориҷӣ ба маблағи 225 миллиону 209 ҳазору 900 сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтанд. Аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳаҷми масрафи маблағ  дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ чунин аст;  Дар сохтмони нерӯгоҳи  барқи обии «Сангтӯда-2»  205 миллиону 178 ҳазору 900 сомонӣ  ва дар сохтмони  НБО «Роғун» бошад 120 миллиону 736 ҳазору 400 сомонӣ сарф карда шуд.  Ин  нисбат  ба ҳамин давраи соли 2009  42 миллиону 345 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2010 дар миқёси мамлакат 76 ҳазору 116 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки ин аз хамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 219 метри мураббаъ зиёд аст.            

Апрель 16, 2010 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар