ҲОЛО ҲАМ БЕШ АЗ 2,5 ҲАЗОР ҚАТОРА БА ТОҶИКИСТОН НАРАСИДААСТ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини аввали сардори хизмати мусофиркашонӣ Андрей Тропин, соҳибкорони вилояти Хатлон оид ба интиқол наёфтани бору колои худ ба «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шикоят оварданд. Бино ба гуфти А.Тропин, айни замон дар сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 2,5 ҳазор қатора бо борҳояшон барои Тоҷикистон беҳаракат истодаанд, ки аз ин 1 ҳазор қатора барои вилояти Хатлон борҳои сохтмонӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва маводи хӯрока доранд. Ҳамчунин 620 қатора бо сӯзишворӣ, ки имрӯз барои Тоҷикистон хеле зарур аст, 127 қатора семент, ки барои зарардидагони офати табиӣ дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудаанд ва боз садҳо қатораҳои дигар бо маҳсулоти ғаллагӣ, хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ аз тарафи роҳиоҳанчиёни Ӯзбекистон беасос, танҳо бо худсарии онҳо, ки хилофи қонунҳои башарӣ мебошанд, нигоҳ дошта мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






