«ҶОМИ ШАҲРДОРӢ» НАСИБИ КӢ ХОҲАД ШУД?

Май 18, 2010 14:49

Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи баргузории «Ҳафтаи ҷавонон», ки аз 17 то 23 май дар пойтахт идома меёбад барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдорӣ» спартакиадаи варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, шоҳмот, волейбол ва баскетбол байни кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои мустақили шаҳрдорӣ, инчунин муассисаҳои дар пойтахт фаъолиятдошта гузаронида мешавад. Аз раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ки  ҳамзамон дар давоми «Ҳафтаи ҷавонон»   Фестивал озмуни сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» байни қисмҳои низомии дар ҳудуди пойтахтбуда, гузаронида шуда, бо мақсади  баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҷавонон дар ҷомеа дар  мактабҳои олии пойтахт, қисмҳои низомии дар қаламрави пойтахтбуда бо иштироки ҷавонон сӯҳбату мулоқот ташкил карда мешавад. Ҳамзамон, дар литсейҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбию ҳунарӣ, ташкил ва гузаронидани озмунҳои иншо  ва мусаввараи беҳтарин дар мавзӯҳои «Шаҳри ман-Хонаи ман» ва «Манзараҳои шаҳри ман» дар назар аст.  

Май 18, 2010 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид