БАРНОМАИ РУШДИ ШАҲРИ ИСФАРА ДАР СОЛИ 2009

Май 26, 2010 09:49

Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 27 майи соли равон дар шаҳри Исфара ҷаласаи ҳисоботии раиси шаҳр оид ба татбиқи Барномаи рушди шаҳри Исфара дар соли 2009 баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар он — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Давлатзод ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Иқтидори маҳаллию минтақавӣ оид ба таҳия ва мониторинги барномаи рушд ва тартибдиҳии буҷет» — и БРСММ Мирзо Олимов иштирок мекунанд. Тавре дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Нуралӣ Шоқурбонов гуфт, «Барномаи Рушди ҷомеаи Барномаи рушди созмони миллалӣ муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкори бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Иқтидори маҳаллию минтақавӣ оид ба таҳия ва мониторинги барномаи рушд ва тартибдиҳии буҷет» — ро мавриди амал қарор додаст. Ҳадаф аз татбиқи чунин лоиҳа, дуруст ба роҳ мондани таҳияи барномаҳои минтақавӣ қавӣ дар асоси мақсадҳои миллӣ сатҳи тайёрии мақомотҳои маҳаллӣ аз нуқтаи назари молиявӣ, кадрӣ ва роҳҳои ноил шудан ба ин равандҳо мебошад».   Айни замон, мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳр омода аст, ки чунин як чорабини барои рушди минбаъдаи  шаҳр лозимаро дар сатҳи баланд гузаронад, ки дар он ишитироки намоянданоги  вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои худи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  пешбинӣ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки 23 апрели соли равон дар шаҳри Панҷакент бо ишитироки намояндагони 15 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ва 2 вилоят, кормандони масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ,  намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шуд.                

Май 26, 2010 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар