БОЗДОШТИ НАШЪАҶАЛЛОБОН ДАР ПАНҶИ ПОЁН

Май 11, 2010 16:23

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз тарафи гумрукчиёни Панҷи Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ду ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, кормандони гумрук ҳангоми барасмиятгирӣ ва назорати гумрукии шаҳрвандон дар гумруки Панҷи Поён, ду шаҳрванди давлати Исломии Покистон Нисар Гул Шештӣ ва Уланҳаёт Гулгулобро бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз таги пойафзол ва дохили костюми Нисар Гул Шештӣ 4 бастаи селофанӣ ва аз китфону бари камзӯли чармин ва пойафзоли Уланҳаёт Гулгулоб 11 бастаи селофании ба таври махсус пинҳон карда шуда буд, дарёфт ва мусодира карданд. Дар ҷараёни пурсиш номбурдагон иқрор шудаанд, ки онҳо маводи мазкурро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода ва бар ивази ин ба онҳо маблағи пулӣ ваъда карда буданд. Ташхиси лабораторӣ муайян намуд, ки маводҳои дарёфтшуда маводи навъи сахттаъсири героин буда, вазнаш 2 кг 235 граммро ташкил медод. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.        

Май 11, 2010 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид